РУШДИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ ДАР РОБИТА БО РАВАНДИ ТАҲСИЛОТ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Данғара:  

Баргузории  Конференсияи байналмилалӣ дар доираи  “Ҳафтаи илм”. Тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли 2024”, рӯзи 30 - юми апрели соли 2024 дар донишгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар робита бо раванди таҳсилот ва истеҳсолот” бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик”, эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 “Солҳои рушди саноат” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020 - 2040) баргузор гардид. Дар кори Конференсия олимону пажуҳишгарони дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуданд. Ба ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оғоз бахшида, дар он мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.Таъсири кинетикаи оксидшавии хӯлаи алюминийи Alcu4.5mg1.2, бо иловаи натрий 0,05 то 1,0% дар ҳолати сахт – д.и.х., академик АМИТ, мудири озмоишгоҳи Инстути кимиё ба номи И.В. Никитин АМИТ Ғаниев И.Н.

2.Задача Дирихле для некоторых эллиптических систем дифференциальных уравнений шестого порядка на плоскости – д.ф-м.н., профессор, Институт математики им. А. Джураева НАНТ Ҷангибеков Г.;

3.Продуктивность новых образцов картофеля в условиях гиссарской долины Таджикистана – д.с.-х.н., профессор, Институт ботаники, физиологии и генетики растений Национальной академии наук Таджикистана Партоев Қ.;

4.Корҳои озмоишии виртуалӣ дар таълими фосилавии физика дар мавзуи “Қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ. Ҳаракати ҷисмҳо дар зери таъсири қувваи ҷозиба” (амсиласозии компютерӣ) – н.и.ф-м., дотсенти кафедраи физика ва географияи Донишгоҳи давлатии Данғара Олимӣ А.Р.;

5.Факторов среды и требований агротехники по возделыванию пшеницы в условиях Гиссарской долины и Дангаринского массива – н.и.к., дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Б.Р.

Бояд зикр намуд, ки Конференсия дар 5 бахш кори худро идома дода, ба кумитаи тадорукотии конференсия зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ворид гардидаанд. Ҳамзамон, маҷмуаи мақолаҳои конференсия дар шакли электронӣ омода шуда, ба иштирокчиёни конференсия ирсол мегардад.

Конференсия масъалаҳои муҳимми илмҳои дақиқ ва табииро дар робита ба истеҳсолот ва таҳсилот фаро гирифта, ҷиҳати истифодаи дастовардҳои олимон дар амал вобаста ба татбиқи технологияҳои муосир дар бар гирифта, самтҳои асосии амалишавии онҳоро дар раванди соҳаҳои гуногуни истеҳсолот омодасозии кадрҳо нишон медиҳад.