НАВИДИ НЕК ВА ФАРАХБАХШ БА МАРДУМ

Данғара: Андеша  

28 – декабри соли 2023Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, ки он барои мардуми Тоҷикистон саршор аз навиди нек ва фараҳбахш мебошад. дар соли 2024 таҷлил гардидани 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва соли 2024 дар ҷумҳурӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” элон карда шуд.

Аввалин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи эъмори давлатӣ мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои он мардуми кишварро бо тамоми  ҷиҳатҳои муҳимтарин ва дастовардҳои назаррас шиносонд. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия имкон дод, ки  пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ шароити  мусоид фароҳам овард.

Қабули Конститутсия  соли 1994, яъне аввалин Конститусияи даврони соҳибистиқлолӣ, ба давраи ба ҳайси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рост омада, ки бо дарки масъулияти баланд ин вазифаро иҷро намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд дода, изҳор менамоянд, ки “Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули Конститутсия нахустин худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро вазифаи хеш қарор дода, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд” . Эълон  гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифтаи ҳуқуқӣ” моро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузорем. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад”,баён доштаанд Пешвои миллат.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро мебояд, ки волоияти қонун ва тартибу низомро риоя намуда, онро дар пешрафту тараққиёт ва густариши ҳамаи соҳаҳаои ҳаёт таъмин намоем.

УБАЙДУЛЛОЕВА Шаҳноза – магистранти курси 2, бахши фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи ДДД, ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”, аъзои фаъоли ҳизб