ПАЁМ – ДУРНАМОИ РУШДИ МАОРИФ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара, бо хонандагон вобаста ба тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ байни ҷавонон мулоқоти судманд доир карда шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокимали, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои пешрафти илму маориф зарурати баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва дигар самтҳои ҳаёти мамлакатро таъкид намуда, ҳидояту дастурҳои муфиде пешниҳод намуданд, ки сармашқи ҳар як сокини ватандӯсти кишвари азизамон хоҳад гашт.

Ҳамчунин дар назди омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як падару модар фарзандони худро зери назорат гирифта, махсусан аз истифодаи телефонҳои мобилии онҳо доиман бохабар бошанд ва назорат баранд.