ТАНЗИМ БА ЗИНДАГӢ БАРАКАТ МЕОРАД

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохуриҳояшон қайд намудаанд "То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем, хараҷоти беҳудаву зиёдатиро аз байн набарем, ба қабулу тадбиқи баронмаҳои давлатӣ дар масъалаи паст кардани камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ва дилхоҳ ноил шуда наметавонем". Бинобар ин дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки пеш аз қабули қонуни мазкур тую маъракаҳо, ҳар гуна маросимҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо хароҷоти зиёдати, исрофкорӣ гузаронида мешуд. Пӯшида нест, ки то ҷое расида будем, ки барои гузаронидани тую маъракаҳо аз бонкҳо бо солҳои тӯлонӣ қарз гирифта маблағи ба даст омадаро барои пардохти қарзҳои бонкӣ равона мешуд. Баъзе нафарон бо қарзҳои пай дар пайи саломатиро аз даст медоданд, хонавайрон мешуданд, ҳақатан мушкилиҳо зиёд буд. Ҳатто мафҳуме байни баъзе аз занон ҷой дошт, " Ҳамсоя метавонистаст, чаро мо не? Хешу табор ихел маъракаҳо кард мо чаро не??" Ин ҳама тақлиду тақлидкорӣ, хароҷотҳои барзиёд оқибати хуб надошта баракатро аз хонадон мегирифт. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуне қабул гардид, ки шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон хуб гардид. Албатта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" танҳо ба манфиати аҳолӣ равона гардида мушикилиҳои зиёдеро бартараф намуд. Ҳадафи қабули қонун пеш аз ҳама паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Пас биёед Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои беҳбудии ҳар яки мост пурра риоя намоем. Ба зиедаравиҳо роҳ надиҳем. Занону бонувони гиромӣ! Баракати хонадон, хушбахтии фарзандон дар дасти мову шумо занону модарони азиз мебошад, пас биёед аз хароҷотҳои беҳуда даст кашем, ҳар маблағи ба даст омадаро сарфакорона истифода намуда ба муҳити оила оромиш, хушбахтию, осудагӣ ҳадя намоем. Чун танзим ба зиндагӣ баракат меорад.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Абдулова Кибриё