ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

Ҷ.Балхӣ:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки маъмурияти муассисаи мазкур ва имомхатиби маҳалла вохӯрии судбахш бо хонандагон оид ба мавзӯъҳои идомаи таҳсили хонандагон дар донишгоҳу донишкадаҳо, таълиму тарбия, ба маврид истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки одобу ахлоқ ва донишомӯзии хонандагон дар мадди аввал истода, ҳар як наврасу хонандаро зарур меояд аз шароитҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, вақти пурқимати хешро барои аз худ намудани илмҳои муосир равона созад.