ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Танзим ба зиндагӣ баракат оварда шахс метавонад шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии худро хуб намояд. Қобили зикр аст, ки аз соли 2007 то кунун дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзми анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. То қабули Қонуни мазкур дар баргузории ҷашну маросим, идҳо ба харҷу сарфи маблағҳои зиёд, забҳи зиёди чорво роҳ дода мешуд ва ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонд. Бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид. Аз қабули Қонуни мазкур зиёда аз 17 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз нафароне ҳастанд, ки бо таври дахлдор ба дарку моҳияти он сарфаҳм намераванд. Ҳамин амал сабаби вайрон гардидани меъёрҳои санади мазкур гардидааст. Маҳз, аз ҳамин нуқтаи назар, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросими диннӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ, рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад. Насли калонсолро мебояд ба насли ҷавон фаҳмонанд, ки хароҷоти зиёдати танҳо ба зарари оила аст. Ҳар яки мо бояд моҳияти қонуни мазкур ро ба хуби дарк намоем, ҳар як бандҳои қонун танҳо ба манфиати аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз ҳамагон вазифадорем, ки назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзми анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурзӯр намуда, барои амалӣ шудани он саҳми босазои худро гузорем.

Ҳамдиёрони азиз! мову шумо, ки дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем табрику муборакбод намуда, даъват ба амал меоварам, ки ба харҷи зиедатӣ роҳ надиҳем. Сафакориро пеша намуда ба зиндагии худ баракат орем.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маликова Тахмина