САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТИ АСКАРӢ - НИШОНИ НОШУКРИВУ НОҶАВОНМАРДӢ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

Дар шариати Ислом дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он яъне, хизмат ба Ватан аз гӯшаи имондорӣ ва ҷавонмардӣ аст.

Пайғомбар ъалайҳи салом мефармояд: «Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд ва яке аз ин се овоз садои қадам задани сарбозҳост, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватанаш мардона мезанад. Яъне, садои пои марзбоне, ки шабҳо бедорхобӣ мекунад, то дигарон дар амон бихобанд, ҷони худро дар хатар мемонад, то ки мардум осуда бошанд, амали маҳбубу мақбулест дар назди Худованд. Гуфтан муҳиму зарур аст, ки имрӯзҳо муҳимтарин рисолати ҳар як шаҳрванди боору номус хизмати Ватан - модар аст.

Мо миллате ҳастем, ки хушбахтона, мактаби бузургу беамсоли ватандорӣ ва ҳимоя аз ватанро бо ганҷинаҳои бебаҳое чун «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар корномаҳои шоистаи таърихӣ дорем.

Барои мо - падару модарон замоне фаро расидааст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстию қаҳрамонӣ таълиму тарбият диҳем ба онҳо дар мавриди қаҳрамонию шуҷоати гузаштагонамон мисли Шераку Спитамену Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ суҳбат намоем. Таъкид мекунам, ки таълими «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва мутолиаи китобҳои (асарҳои) пурарзиш ва пурасрори Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва «Чеҳраҳои мондагор» басо муҳиму зарур аст.

Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ дар бораи устод Мирзо Турсунзода сухан ронданд, ҳамин хислати бузурги миллатдӯстӣ ва ватанпарварии ӯро махсус таъкид карда, навиштаанд: «Мирзо Турсунзода фарзанди содиқи халқ ва ба қавли худаш бо мисли гушту нохун ҳамеша бо Ватан буд».

Воқеан, Ватан аз ҷумлаи азизтарин муқаддасот барои фарзандони огоҳи миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди миллӣ дошта бошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истилолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Ҷавонони азиз, падару бобоёни мо хизмат барои ҳимояи Ватани худро нангу номус медонистанд. Онҳо ин корро барои худ як меъёри мардонагӣ медонистанд. Мо мушоҳида мекардем, ки касе ба хостгорӣ барои келин ба хонаи касе мерафт, саволи аввалини духтарону модарон (аҳли хонадон) ҳамин буд: «Оё писари шумо хизмати Ватан (хизмати аскариро) адо кардааст, ё не?» Агар не, мегуфт, ҷавоби аввалу охирин ҳамин буд. Яъне, шуморо қабул намекарданд. Умуман, ҷавоне, ки хизматро адо намекард, ҳамчун ҷавони (шахси) носолим эътироф мешуд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони солим, вале ноқобил ва ноҷавонмард худро носолим нишон медиҳанд ва аз хизмати Ватан мегурезанд, ки ин нишони ношукрӣ ва ноҷавонмардӣ аст. Бояд ҳар як ҷавонмард бо ҳисси баланди ватандорӣ дар роҳи Ватан ҷоннисор бошад, зеро қарзашро аввалан дар назди оила ва зодгоҳ, баъдан дар пеши Модар иҷро мекунад.

Умар АБДУРАҲМОНОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи М. Муҳаммадҷони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ