Баргузории аз рафти ҳафтаҳои адиб дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ чун анъана ҳафтаи адиб гузаронида шуд, ки дар он хонандагон фаъолона иштирок карданд. Ин навбат ҳафтаи адиб ба ифтихори сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баргузор гардид.Дар муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Восеъ толибилмон оид ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти пурғановати сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баромад карданд.Гуфта шуд, ки Айнӣ Садриддин 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро аз оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Айёми бачагиашро дар байни аҳли заҳматкаш — деҳқонон ва косибони деҳа мегузаронад. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилчасп ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмат, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ошно менамояд. Ҳангоми мактабхониаш, ҳарчанд дар саводомӯзӣ баҳрае набурда бошад ҳам, аввалин бор бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекунад. Бо сабакҳои пандомӯзи падарм худ Саидмуродхоҷа, ки шахси маърифатдӯст ва мухлиси адабиёт буд, тарбият ёфта, аз хурдсоли дар дилаш нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббат мепарварад.

Баргузор кардани ҳафтаи адиб дар самти зиёд гардидани маълумотнокӣ ва таваҷҷӯҳи насли наврас ба адибони гузаштаву имрӯза бештар менамояд.