МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Созандагони ватан  

Футбол яке аз мусобиқа ва бозиҳои маъмулӣ ва дӯстдоштатарини наврасону ҷавонон буда, ҳамасола рушд меёбад. Бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ташаккули ҳайёти солим, ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол, дарёфти истеъдодҳои нави футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонон, ва бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи бозии футбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар мактаб интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи  М. Вайсови ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд.Мусобиқаи хеле ҷолиб ҷараён гирифта, дастаҳо миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дастаи фаъолу бозингарони беҳтарини футбол бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.