КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ГУЛШИНОНӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Агар хоҳем, ки зиндагии осоишта, рӯзгори обод, фарзандони солимфикру тансиҳат дошта бошем, пас ҳар яки моро лозим меояд, тозакору муҳитпарвар ва бунёдкори хаёти бофароғати хеш бошем. Сокинони ноҳияи Восеъ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ободкориву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоранд ва бо ин васила ба ҳусни ноҳия зебогии дигаре зам намоянд.Бо мақсади дастгирии сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” гулҳои рангоранги ороишӣ дар назди муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Воесъ баҳри вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби командони муассисаҳои таълимӣ шинонида шуд.