Ташкил намудани гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Ташкили гармхонаҳо яке аз усулҳои хуб ва сердаромад барои деҳқонон ва ҳар як оила маҳсуб меёбад. Зеро гармхона дар мавсиме, ки маҳсулотро омода месозад, дар он айём на ҳама имкони истеҳсоли онро дорад. Баъд ҳосили маҳсулоти гармхона бештар аст, назар ба заминҳои корами обӣ. Аз ҷониби дигар об дар гармхона ба воситаи қатрагӣ дода мешавад, ки ба замин фоида дорад. Гармхона имрӯз дар деҳаву маҳаллаҳо бештар гардидааст. Онҳо дар таъмини маҳсулоти дохилӣ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби дигар барои мардуми маҳаллӣ шароити хуби корӣ мебошад. Дар сурати зиёд истеҳсол шудани маҳсулот дар гармхонаҳо содироти он низ ба дигар минтақаҳо ва кишварҳои хориҷ боз манфиат дорад.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ҷихати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинони ноҳия сӯҳбату вохӯриҳоро ба роҳ монда истодаанд., Бояд қайд намоем, ки дар баробари сокинони деҳаву маҳалҳо, имрӯзҳо дар заминҳои наздимуаассисавии ноҳияи Восеъ низ гармхонаҳо бунёд гардида истодаанд. Дар ин гармхонаҳо алакай маҳсулотҳо барои кишт омода гардидаанд. Ин ҳам бошад самараи заҳмату меҳнати омӯзгорон ва сокинони меҳнатдӯст мебошад.