БА ХОТИРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО МЕБОЯД МУТТАҲИД БОШЕМ.

Восеъ: Андеша  

Яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми мамолики дунё ин пиряхҳо ба ҳисоб меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми дунё, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре ва ҳеҷ як мавҷудоте наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад.Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки “...обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад”. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ онро қабул кард. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки соли “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул ва эълон гардид.Боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонист, ки имруз Тоҷикистонро бо ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби тоҷикон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд. Бо дарназардошти пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим ҳамаи мо сокинонро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумӯи кишвар талош намуда, шукронаи ҳар як қатра обӣ ширину мусаффои ин кишвар намуда, дар ҳифзи пиряхҳо муттаҳид шуда саҳми муносиби хешро гузорем.

Шодибеги Иди-Директори маркази ҷавонони н. Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ