ОЙИНҲОИ НАВРӮЗӢ

Восеъ: Андеша  

Дар расму оинҳои ниёгон ҳама рӯзҳои Худо азизу мукарраманд, вале барои ҳар қавму қабоил ё кешу оин як рӯзи мукаррамтар, гиромитар аз дигар рӯзҳост. Чунончи, рӯзи ҷумъа барои аҳли Ислом, шанбе барои яҳудиён ва якшанбе барои насоро. Вале барои ниёгони тоисломии мо рӯзҳо на аз рӯи ҳафта, балки аз рӯи рӯзҳои моҳ номгузорӣ мешуданд, яъне онҳо ҳар як аз сӣ рӯзи моҳро ба номе мехонданд. Дар аҳди Сосон рӯзҳои моҳ номҳои зеринро доштанд: 1 – Ҳурмузд//Фаррух, Беҳрӯз, 2 – Баҳман, 3 – Урдубиҳишт, 4 – Шаҳривар, 5 – Исфандормуз(д), 6 – Хурдод̣, 7 – Мурдод, 8 – Дайб//Озар, 9 – Озар, 10 – Обон, 11 – Хур, 12 – Моҳ, 13 – Тир, 14 – Чӯш, 15 – Дайбамеҳр, 16 – Меҳр, 17 – Суруш, 18 – Рашн, 19 – Фарвардин, 20 – Баҳром, 21 – Ром, 22 – Боз, 23 – Дайбадин, 24 – Дин, 25 – Ард, 26 – Аштоз, 27 – Осмон, 28 – Зомиёз, 29 – Морасфанд, 30 – Анирон. Ниёгони мо аз гузаштаҳои дур рӯзи аввали ҳар моҳро муқаддас мешумориданд ва аз ин рӯ онро бо номи Худованд Аҳурамаздо номгузорӣ кардаанд, яъне Ҳурмуздрӯз. Вале муқаддастарин рӯзи сол барои ниёи мо рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ – Хурдодрӯз мебошад. Дар баробари ин рӯзи муборак Меҳррӯзу Ромрӯзи (рӯзҳои шонздаҳуму бисту якум) Меҳрмоҳ, ҳамчунин Баҳманрӯзу Обонрӯзи (рӯзҳои дуввуму даҳуми) Баҳманмоҳ низ муқаддасанду ҷашн гирифта мешуданд. Номгузории моҳу рӯзҳои моҳ барои халқиятҳои гуногуни пешгузаштагонамон (порсиён, портиён, хоразмиён, суғдиён, фарғониён, балхиён, бохтариён, саккоиён ва ғ. гуногун буданд. Чунончи, рӯзҳои Хурдод, Меҳр, Ром, Баҳман ва Обон дар назди аҳли Хоразм чунин номгузорӣ мешуданд: Ҳрвдоз - 6, Фиғ - 16, Ром - 21, Азмин - 2, Ёнохн - 10. Хурдодрӯз дар даврони Сосон охирин ва бошукӯҳтарин рӯзи ҷашнгирии Наврӯз буд. Тақсимоти фаслҳои сол низ дар назди ниёгонамон аз дигар қавмҳо фарқ мекард. Дар аҳди қадим гузаштагони мо ду фасл доштанд: гармо (тобистон, hama) ва сармо (замистон, zayana). Бино ба маълумоти Авасто (Вандидод) дар ибтидо фасли гармо ду моҳро дар бар мегирифт ва фасли сармо шомили даҳ моҳ буд. Вале баъдҳо дар табиати ин фаслҳо тағйироти бузурге ба амал омада тобистон ҳафт моҳ ва зимистон панҷ моҳро дар бар мегирифт. Наврӯз оғози Тобистон ва ибтидои Соли Нав буду Меҳргон ибтидои Зимистон. Яъне агар ниёгони мо Наврӯзро ҳамчун Иди баҳору сари Соли Нав ва оғози кишту кор ҷашн мегирифтанд, пас Меҳргонро чун нахустрӯзи фасли зимистон ва иди ҷамъоварии ҳосил истиқбол мекарданд. Дар асари ин ҷашн дар рӯзгорони мо низ тирамоҳон пас аз фориғ шудан аз ғунучини маҳсулоти полизиву боғдорӣ ва тиллои сафед як ҷашне меороянд бо номи Иди Ҳосилот ё Ҳосил байрам. Бино ба ақидаи Муҳаммад Муин “Дар ҳар як аз ин ду фасл ҷашне барпо медоштанд, ки ҳар ду оғози соли нав ба шумор мерафт. Нахуст ҷашне, ки ба ҳангоми оғози фасли гармо, яъне вақте ки галаҳоро аз оғилҳо ба чаманҳои сабзу хуррам мекашониданд ва аз дидани чеҳраи дилорои хуршед шоду хуррам мешуданд ва дигар дар оғози фасли сармо, ки галаро ба оғил кашонида, тӯшаи рӯзгори сарморо таҳия медиданд”. Наврӯз аз бузургтарин, мондагортарин ва бостонитарин ҷашнҳои ҷаҳониён аст, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи аввали солшумории шамсӣ – Фарвардинмоҳ (Ҳамал) оғоз мешуд. Наврӯз ҳамасола ҳамчун сари Соли Нави шамсӣ ва иди баҳору киштукор ҷашн гирифта мешавад. Дар бораи торихи пайдоиш, таҷлил ва русумоти наврӯзӣ сарчашмаҳои торихӣ, фолклорӣ, адабӣ ва фарҳангӣ аз қабили “Бундаҳишн”, рисолаи паҳлавии “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод”-и муаллифаш гумном, “Китоб-ут-тоҷ”-и Абӯусмон ал-Ҷоҳиз, “Китоб-ул-маҳосин ва-л-аздод”-и Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, “Таърихи Байҳақӣ”. “Китоб-ул-маросими ва-л-одот”, “Зайн-ул-ахбор”-и Маҳмуди Гардезӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Торихи Бухоро”-и Муҳаммади Наршахӣ, “Китоб-ут-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳон Берунӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, рисолаи “Наврӯзнома”-и Ҳаким Умари Хайём, “Торихи мулуки Аҷам”-и Алишер Навоӣ ва монанди инҳо, ҳамчунин тадқиқоти торихнигорону мардумшиносон ва дигар муҳаққиқон маълумоти амиқу фаровон дода, ба таври эътимодбахш шаҳодат медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз ва анъаноти он торихи хеле қадим доранд.

Нахустин маълумоти дақиқро оиди Наврӯз китоби “Бундаҳишн” ва рисолаи “Моҳи Фарвардин рӯзи Хурдод” бо обу ранги маросимоти динӣ меоварад. Бино ба маълумоти Кисравӣ “Нахуст касе, ки Наврӯзро оин гузошт, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор ва зару сим ва дигар маъданҳоро ба даст овард, аз оҳан силоҳ сохт, аспону дигар маркабон ром кард, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳо пайдо кард, қасру кушкҳо рост кард, корез ва ободонӣ кард – Ҷамшеди Каёнӣ писари Виванҷаҳон (нигаҳдорандаи Олам)... буд ва Наврӯзро асос гузошт бад-он сабаб, ки ӯ дар ин рӯз Оламро ба даст овард ва Эронстахрро, яъне Замини Бобулро барқарор кард. Наврӯз оғози бунёди мамлакати ӯ буд ва дертар шакли мувофиқ гирифта расму одат шудааст. Ҳаким Умари Хайём ишораи болоро дар “Наврӯзнома” тасдиқ мекунад: “Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонрӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал бозояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан...ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд... Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон карданд”. Умари Хайём сабабҳои таҷлили Наврӯз ва бузургу гиромӣ доштани онро қайд намуда, дар хусуси риояти одоб ва русуми Наврӯз дар назди подшоҳон менигорад: “Оини мулуки Аҷам аз гоҳи Кайхисрав то ба рӯзгори Яздигурди шаҳриёр, ки охарин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст кас аз мардумони бегона – мӯбади мӯбадон пеши малик омадӣ бо ҷоми заррини пурмаю ангуштарӣ ва дирамеву диноре хусравонӣ ва як даста хавиди (хӯшаи ҷав ё гандум) сабзруста ва шамшере ва тиру камон ва давоту қалам ва аспеву бозе ва ғуломи хубрӯй ва ситоиш намудӣ ва ниёиш кардӣ ӯро ба забони порсӣ ба иборати эшон. Чун мӯбади мӯбадон аз офарин бипардохтӣ, пас бузургони давлат даромадандӣ ва хидматҳо пеш овардандӣ”. Дар бораи муддати ҷашнгирии Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ маълумот гуногун аст. Бино ба маълумоти Абурайҳон Берунӣ “чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд ва ин идҳоро шаш бахш намуданд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷи дуюмро ба ашроф ва панҷи сеюмро ба ходимону коркунони подшоҳон ва чорумро барои надимону дарбориён ва панҷи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷи шашумро барои барзигарон”. Нақл аст, ки пуршукӯҳтарин ва ҷолибтарин Наврӯзи барзгарон ороставу пероста мегардид. Ва боз гӯянд, ки дар аҳди Сосон тавассути Роҳи Абрешим ин ҷашн ба атрофу акноф низ мақбул ва интишор шуд. Сосониён ба анъанаҳои наврӯзӣ зебу фарре зам намуда, онро бошукӯҳтар таҷлил мекарданд. Ва боз аз маълумоти Берунӣ бармеояд, ки дар аҳди Сосониён Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Таҷлили Меҳргон низ шаш рӯз тул мекашид, яъне рӯзи шонздаҳум (Меҳррӯз) оғоз ёфта рӯзи бисту якум, ки онро Ромрӯз меноманд, анҷом мепазируфт. Бошукӯҳтарин рӯзи ҷашн рӯзи фароварди он – Ромрӯз буд, ки онро Меҳргони Хоса меномиданд. Шаш рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз аз Ҳурмузди набераи Ардашери Бобакон ба ёдгор мондааст. Бино ба навиштаи Берунӣ дар “Осор-ул-боқия”: “Гӯянд, касе, ки ду Наврӯзро (Наврӯзи ом ва хос) ба ҳам муттасил намуд, Ҳурмуз писари Шопури паҳлавон аст, ки ӯ ҳам айёмеро, ки миёни ин ду ид буд, ид гирифт... Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шурӯъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад. Ва рӯзи дуюмро барои деҳқонон, ки қадре мақомашон болотар аз тӯда бувад, бо тантана қайд мекард. Ва хонаводаҳо низ дар ин қисмат дохил буданд. Ва рӯзи сеюмро барои сипоҳиён ва бузургону мӯбадон бо тантана қайд мекард. Ва рӯзи чорумро барои аҳли байт ва наздикону хосони худ ҷудо мекард. Ва рӯзи панҷум барои хонавода ва ходимони худ ва ҳар кадомро он чи мустаҳаққи рутба ва икром буданд, ҷудо мекард... Ва рӯзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт. Ва ҷуз аҳли унсу ашхосе, ки сазовори хилватанд, каси дигарро намепазируфт...

Яъне дар ин аҳд Наврӯзро шаш рӯзи мутаволӣ ҷашн мегирифтанд. Панҷ рӯзи аввал шоҳони Сосонӣ бор медоданду бузургони табақаҳои гуногуни ҷомеаро мепазируфтанд ва ба онон идӣ медоданд. Ва аммо рӯзи шашумро барои худу хосону маҳрамони худ ҷашн мегирифтанд. Пуршукӯҳтарин рӯзҳои якуму шашум барпо мешуд. Рӯи аввали Наврӯз мардум аз хоб барвақт бархоста ҷониби рӯду ҷӯйбор ё ҳавзу чашмасорон рафта шуштушӯй мекарданд ва ба ҳамдигар об мепошиданду ҳамдигарро бо шириниҳо муроот мекарданд. Яъне се бор ангубин мелесиданд ва ё шаккару шириниҳо мечашиданд ва барои дафъи нохушиву бемориҳо ва бадбахтиҳо ба баданҳои худ равған мемолиданд. Подшоҳ субҳи рӯзи аввали Наврӯз либосҳои фохире, ки маъмулан аз бурди яманӣ ва вашӣ буд, ба тан мекард ва мунтазири ҳадяву табрикоти наврӯзӣ мешуд. Чуноне ки дар боло қайд намудем нахуст мӯбади мӯбадон ба хидмати подшоҳ мерасид, ва ӯро ба Наврӯз офарину шодбош мегуфт. Ҳаким Умари Хайём матни офарини мӯбади мӯбадонро чунин тафсил додааст: “Шоҳо! Ба бахшини Фарвардин ба моҳи Фарвардин озодӣ гузин Яздон ва Дини каён(ро). Сурӯш оварад туро доноиву биноӣ ба кордонӣ ва дер зиву бо хӯи ҳажир (хуш) шод бош бар тахти заррин! Ва анӯша (шароби ангур) хӯр ба Ҷоми Ҷамшед ва расми ниёгон дар хидмати баланду некукорӣ ва варзиши доду ростӣ нигаҳ дор. Сарат сабз бод ва ҷавонӣ чун хавид, аспат комгору пирӯз ва теғат равшану корӣ ба душман ва бозат гирову хуҷиста ба шикор ва корат рост чун тир ва ҳам кишваре бигир нав бар тахт бо дираму динор, пешат ҳунариву доно гиромӣ ва дирам хор ва сароят ободу зиндагонӣ бисёр!” Сипас ҷоми шаробро ба шоҳ медод ва дастаи хаведро ба дасти дигари ӯ мениҳод ва динору дирам пеши тахти ӯ мегузошт. Ва “бад-ин он хостӣ, ки Рӯзи Наву Соли Нав ҳар чӣ бузургон аввал дидори чашм бар он афкананд, то соли дигар шодмону хуррам бо ин чизҳо дар комронӣ бимонанд. Ва он бар эшон муборак гардад, ки хуррамӣ ва ободонии ҷаҳон дар ин чизҳост, ки пеши малик овардандӣ...” Ҷашнгирии Наврӯз пас аз аҳди Сосон низ тақрибан дар ҳамин шакл буд, ки бо андаке тағйирот. Ақидаи он ки Ислом монеъи куллии ҷашнгирии Наврӯз гардид, куллан бардурӯғ аст. Масалан, дар китоби “Тамаддуни исломӣ” омадааст, ки “...бани Умия (661-750) ҳадияе дар Иди Наврӯз бар мардуми Эрон таҳмил мекарданд, ки дар замони Муовия миқдори он ба 5 то 10 миллион дирҳам болиғ мешуд”. Ва боз нақл аст, ки “Дар натиҷаи зуҳури Абумуслими Хуросонӣ (747-755) ва рӯи кор омадани хулафои Аббосӣ (750-1258) ва ташкили силсилаҳои Тоҳириён (821-873), Саффориён (872-903) ва Сомониён (875-999) ҷашнҳои эрониён аз нав равнақ ёфтанд, гӯяндагон дар бораи онҳо қасоид пардохтанд ва нависандагон онҳоро мудавван (сабт) сохтанд, монанди Ҳамза бинни Ҳасан китоби “Ашъор-ус-соиратун фӣ ан-Нируз вал-Миҳрҷон”-ро... Аз манбаъҳои дардастбуда маълум аст, ки Исломи маъмулӣ дар ҳеҷ давру замон монеъи таҷлили Наврӯз нагашта ва агар чанде маҳалли боздошт қарор гирифтааст, кори муште хурофотпарастон аст. Арабҳо пеш аз ислом низ аз соҳиби ду ҷашни бузург (Наврӯз ва Меҳргон) будани ҳамсоягонашон хабардор буданд ва ҳатто дар Ироқи Аҷам ва баъзе аз манотиқи Араб ин ду идро таҷлил ҳам мекарданд. Бино ба маълумоти Олусӣ дар китоби “Булуғ-ул-ираб” мардуми Мадина ва баъзе манотиқи дигари Араб пеш аз ислом ду ид доштаанд: Наврӯз ва Меҳргон. Вақте ки ҳазрати Муҳаммад (с.ъ.в.) ба Мадина омада бар расму русуми онон бар ин ду ид огоҳ шуд, гуфт: “Худои таборак ва таъоло ба ҷои ин ду ид беҳтар аз онро барои шумо арзонӣ доштааст, ки явмулфитр (Иди Рамазон) ва явмуннаҳр (Иди Қурбон) аст”. аз ин ҷо бармеояд, ки арабҳо бо мардумони Мавароуннаҳру Хуросон ва Эрон равобити мустаҳкаме дошта, дар баъзе аз мазҳарҳои маданӣ аз онҳо пайравӣ мекардаанд.

Дигар аз сабабҳои мондагории Наврӯз дар аҳди ислом сари сол будани он аст, ки ҳар сол дар як муддати муайян сол нав мешуд ва ҳамин ки сол нав мешуд замони хироҷ ҳам муайян мегардид. Ва аммо дар солшумории қамари соли нав дар фаслҳои гуногуни сол мувофиқ меомад. Ҳамчунин арабҳо расми ҳадяҳои наврӯзиро низ побарҷо ниҳоданд. Бино ба нигоштаи Ризо Шаъбонӣ: “Аббосиён монанди подшоҳони Эрон дар толоре бо ҷомаҳои фохир менишастанд ва ҳадяҳоро худ мепазируфтанд. Гуфтаанд, ки (халифа) Мутаваккил аз бомдод то намози пешин менишаст ва ба пазируфтани пешкашҳое, ки аз сӯи баландпоягон ва дигар бузургон тақдим мешуд, мепардохт. Халифаҳо, дарвоқеъ, дар чунин рӯзи хуҷаста ҳаққи дарёфти ҳадя аз раоёи хешро доштанд, пас мардуми ҳамаи табақаҳо ба тақдими пешкаше ба халифа мепардохтанд ва низ вазирон ва баландпоягони девон ва тавонгарон атру гавҳару марворид ва базаргонон колоҳои марғуб, монанди фарш, ҷома ва каниз ва шоирон қасида ва мардуми оддӣ гулу мева нисор мекарданд... Дар баробар халифа ҳам ҳадяҳои пурарҷе бад-эшон арзонӣ медошт”. Номбурда дар идомаи тадқиқоташ аз қавли Ҳилол ас-Собӣ меафзояд, ки аҳли зиммаи (зардуштӣ, насоро ва яҳудоне, ки дар мамолики исломӣ зиндагӣ мекунанд) Бағдод шоми арафаи Наврӯз хони наврӯзӣ (иборат аз харбузаву олу, зардолуву хурмо ва амсоли онҳо) омода мекарданд, занон беҳтарин атриётро харидорӣ менамуданд. Пошидани атриёт бар фарш ва ҳафт қадам рӯи он ниҳодан нишонаи он буд, ки чашми бад, танбалӣ ва табу тоб аз ӯ дур мешавад. Ҳамчунин бар чашмон сурма мекашиданд, то дар Соли Нав чашмонашон равшантар шавад. Мадрасаҳо баста мешуд ва толибилмон ба бозиҳои наврӯзӣ мепардохтанд. Ва агар устоде ба мадраса меомад, бо ӯ бо эҳтиром рафтор намекарданд ва ҳатто ӯро ба обгир меандохтанд, магар он ки пуле медоду раҳоӣ меёфт. Мусалмонон низ дар ин шодмонӣ ширкат мекарданд ва ҳатто дар пеши чашми умум шароб низ менӯшиданд. Ҳамчунин якҷоя бо онҳо гирди хони наврӯзӣ менишастанд ва дар пошидани об бо онҳо ҳамбозӣ мешуданд. Касони мӯҳтарам якдигарро бо мушк об мезаданд, ё перомуни хонаҳову боғҳои худро обпошӣ мекарданд. Дар аҳди Саффориёну Тоҳириён ва Сомониёну Дайламиён забон ва оинҳои ниёгон, аз ҷумла анъанаҳои наврӯзӣ, аз нав эҳё гардида, адибони давраи сабки хуросонӣ мавзӯи баҳор ва Наврӯзро як бахши эҷоди худ қарор доданд. Хоса дар замони Сомониёну Бувайҳиён (Оли Бӯя, Бани Бувайҳ, Дайламиён, 932–1056) Наврӯз ва анъанаҳои он бо тарҳи нав таҷдид гардид. Саъйу кӯшиши онҳо дар нигаҳдории одобу русум ва ҷашнҳои миллӣ, хоса Наврӯзу Меҳргон ва Сада хеле назаррас буд. Дар садаҳои минбаъда ҳам Наврӯз ва анъанаҳои он побарҷо бимонд. Аз манбаъҳои торихиву адабӣ бармеояд, ки ин ҷашн дар аҳди Ғазнавиёну Салчуқиён ва Элхонону Хоразмшоҳиён, ҳамчунин дар давраҳои минбаъда низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардид. Вале дар ҳар давру замон баъзе аз русум ва одоби наврӯзӣ аз байн меравт ва ба ҷои онҳо анъанаҳои наву тоза мувофиқи тарзи зиндагӣ ва пешрафти ҷомеъа пайдо мегашт. Маросимҳои наврӯзиро метавон ба ду қисмат кард: муқаддамоти наврӯзӣ ва наврӯзӣ. Вобаста ба мавзеъу тарзи зист ҷашнгирии Наврӯз дар шаҳру деҳоти Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон мутафовит буд. Вале ҷавҳари онҳо як буд, яъне дарки фалсафаи офариниш, ваҳдатгароӣ, муқаддас доштани замин ва замон, ҷанбаҳои экологӣ доштан, равобити мардумони гуногунзабону гуногунмазҳаб, муштарак ва якӣ будани орзуву таманноҳои хосу ом, дар баробари бедор шудани табиату ҷонварон таҷдиди тану пираҳан ва рӯҳу равони одамон ва ғ. Дар натиҷа бо он ки Наврӯз торихи беш аз чаҳор ё панҷ ҳазор сола дорад, бисёр аз одобу русум ва анъанаҳои наврӯзӣ то ба рӯзҳои мо омада расидааст. Муқаддамоти наврӯзӣ. Омодагӣ ба Наврӯз ҳанӯз аз ҷашни Сада (рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ, мутобиқ ба 30 январ) оғоз меёфт. Яъне мардум расо 50 рӯз барои таҷлили Наврӯз омодагӣ медиданд. Анъанаҳои муқаддамотӣ иборатанд аз:

1. Омодагӣ. Хариди либоси тану палоси хона ва маводи хӯрока барои суфраи наврӯзӣ. Кандани ҷӯйу корезҳо ва ба тартиб даровардани шохаҳои дарахтон. Таҳияву соз кардани корҳои маданӣ-равшаннамоӣ. Барномарезии васоити ахбори умум. Омода кардани қарорҳои ҳукуматӣ, тавсияҳо ва сенарияҳо барои гузаронидани Иди Наврӯз. Омода намудани ҳаммомҳо ва майдону саҳнаҳои наврӯзӣ (сайргоҳҳо, боғҳо, стадионҳо, амфитеатрҳо, регистонҳо ва ғ.). 2. Хонаафшонӣ (ё хонатаконӣ). Шустани фаршу қолинҳо, таъмир ва рангубори хонаҳо. Покиза намудани дару девор ва зарфҳои ғизо. Расми пеш аз Наврӯз тозаву ороста кардани маҳаллу манзилҳо ба анъаноти Зардуштия рафта мерасад. 3. Пок доштани равони мурдагон ва ба тартиб даровардани қабристонҳо. Бино ба маълумоти Ас-Саолабӣ: “Зардушт гуфт, ки равони мурдагон дар айёми фарвардигон ба хонаҳои эшон бозмегарданд ва амр кард, ки дар он айём хонаҳоро пок кунанд ва фаршҳоро пок густаранд ва он ҷо хӯрокиҳои хушмазаву иштиҳовар биниҳанд ва бихӯранд, то равони мурдагон ба бӯву нерӯи он қувват бигирад”. Дар рӯзгори мо низ ин анъана идома дорад. Мардумон гурӯҳ-гурӯҳ дар арафаи Наврӯз ва идайни исломӣ ба хонаҳои азодорон мераванду бо ояҳои қур’онӣ равони даргузаштагонро шод мегардонанд. Ва боз нақл аст, ки суғдиён дар даҳ рӯзи охари сол барои равони гузаштагон азо медоштанд, баҳри онон хонҳои пур аз ғизоҳои пурлаззат меоростанд, гиряҳо мекарданду рӯйҳо мехарошиданд, то бо дили қарор Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ истиқбол кунанд. 4. Маросими чоршанбесурӣ (чоршанбеи сурх) ва оташафрӯзӣ. Дар як қисм маҳалҳои кӯҳистони тоҷик бегоҳиҳои рӯзи чоршанбеи охари сол (яъне ғуруби сешанбеи охирини ҳар сол) дар кӯчаву майдонҳо гулхан афрӯхта, гирди он чархида аз болои он меҷаҳанду мегӯянд (одатан се бор): “Дарди ман ба ту, сурхии ту ба ман!” дар баъзе мавридҳо: “Зардии ман ба ту, сурхии ту ба ман!” Ин анъана аз суғдиён ба мерос мондааст. Бино бар маълумоти Ас-Саолабӣ дар рӯзгори Оли Сосон ва аз он ҳам пештар ин рӯзро дар охирин чоршанбеи соли шамсӣ бо номи “Чоршанбеи сурӣ” расм мегирифтанд. Дар ин рӯз буттаҳои хорҳоро гирд оварда оташ мезаданду аз болояш парида мегуфтанд: “Сурхии ту аз ман! Зардии ман аз ту!” ва мардумон ин амалро расми арафаи Наврӯз гирифтанд. Одатан аксари бемориҳо дар фасли замистон пеш меояд ва аз ин рӯ рӯзи чаҳоршанбеи охари моҳи Исфанд ин таомул ба ҷой оварда мешуд, то ки ҳама дарду ранҷу озурданиҳо бо соли кӯҳан биравад. Ва боз қаҳриҳое, ки ғурӯри мардиашон роҳ намедод бо ҳамдигар оштӣ шаванд пинҳонӣ рӯз мешумориданд, то ҳарчи тезтар Наврӯз фаро расаду бо ҳам оштӣ бишаванд. 5. Сабзонидани ғалладона ва омода кардани суманак. Яке аз русуми наврӯзие, ки то ҳол идома дорад, сабзонидани ғалладона мебошад. Мардум яке аз намудҳои ғалладонаро гирифта, як моҳ пеш дар ҷои махсусе (гоҳо ташт ё зарфи ҳамвор) кошта месабзонанд ва аз рӯи сабзиши ғалладона оид ба корҳои деҳқонии худ пешбинӣ мекарданд. Ин анъана аз даврони Оли Сосон ба мо ба мерос мондааст. Яъне дар аҳди Сосон бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом қоим мекарданд ва бар саҳни ҳар яке навъе аз ғалладона аз қабили гандуму ҷав, биринҷу мош, кунҷиду наск, нахуду боқило ва ғ. мекиштанд ва аз рӯи муоянаи сабзиш кадоме борвартар бувад онро бештар кишт мекарданд ва таваҷҷӯҳи шоҳони Сосонӣ ба х(в)еди (сабза) ҷав бештар будааст ва ғ. Маросими пухтани суманак, ки баргузидатарин неъмати “Хони Наврӯзӣ ба ҳисоб меравад, аз қадимтарин анъанаҳои наврӯзӣ ба ҳисоб меравад. Вожаи “суманак” ишора ба ҳамон сабзаи наврустаи гандумест, ки миқдори як ангушт сабзонида аз он суманак омода мекунанд. Ба ақидаи кишоварзон “сабзаи гандум ва созмон додани маросими “Суманак” ба деҳқонӣ файзу баракат ато карда, тановули он ба инсон сиҳҳатӣ мебахшад”.

Анъанаҳои наврӯзӣ. Чуноне, ки дар боло ёдрас намудем. Таҷлили Наврӯз ва ба ҷой овардани одобу русуми он вобаста ба давру замонҳо як моҳ, сездаҳ рӯз ва ё шаш рӯз идома мекард. Ҳамчунин баъзан бо сабаби кабиса накардани солҳо Наврӯз дар дигар бурҷҳо, ҳатто як муддати муайян дар бурҷи Саратон низ ҷашн гирифта мешуд. Анъанаҳои наврӯзие, ки то рӯзҳои мо побарҷо мондаанд, хеле зиёданд. Бархе аз онҳо ба шароити зисти бошандагони минтақаҳои гуногун мувофиқ гардонида шуда бошанд баъзе қариб бе тағйирот то рӯзгорони мо омада расидаанд. Баъзе аз русумоти наврӯзие, ки имрӯз ба ҷой меоваранд, тамоман наванд. Инак баъзе аз анъанаву русуми наврӯзиро ёдрас мешавем: 1. Бори ом додани подшоҳон ва қабул намудани ҳадяҳои зердастон, ки дар замони ҳозир ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба анъана даромадааст. 2. Анъанаи Аму Наврӯзу (дар ғарб) Бобо Деҳқон (дар шарқ) ҳамчун пайки наврӯзӣ. Дигар аз паёмоварони Наврӯз симоҳои Маликаи Наврӯз (Баҳор), Ҳоҷӣ Фирӯз ва Амир-ан-Наврӯз ба ҳисоб мераванд. Баҳори нозанин (Маликаи Наврӯз) рамзи зебоӣ ва тароватҳои наврӯзист, Соли навро дар худ таҷассум менамояд. Ҳоҷӣ Фирӯз низ аз симоҳои духӯраи рамзии наврӯзист, ки дар чеҳраи ӯ ҳам танзу шодиву тараб ва ҳам яъсу ғаму сӯг ҳувайдост. Ин симо шояд нишоне аз маросими суғдиёни Бухорост, ки дар моҳи Навсард ба маросими “Сӯги Сиёвуш” доир мегашт. Образи “Амир-ан-Наврӯз аз замони давлатдории Фотимиёни Миср (909-1171) ба мерос мондааст. Дар он аҳд Амир-ан-Наврӯз дар маркаб савор шуда аз сарватмандон “хироҷ меситонд” ва ба дарвешон эҳдо мекард... 3. Омода кардани “Хони Наврӯзӣ” ва шодиву тараб дар атрофи он. Аҷдоди гузаштаи мо Наврӯзро хело хушнудона истиқбол мекарданд. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳамаи мардону занон ва кӯдакону ҷавонон либосҳои идона ба бар карда, ба саҳро мебаромаданд, сайругашт мекарданд ва сурудҳо мехонданд. Занҳо як ҷо гирд омада ба рӯи ҳамдигар гул мепошиданд ва ҳамдигарро ба ин иди фархунда табрик мегуфтанд. Ҷавонписарону духтарон хурсандиҳо намуда ба ҳамдигар обпошӣ мекарданд. Баъд аз сайругашт мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон ҷои мувофиқи саҳро, ки онро наврӯзгоҳ мегуфтанд, ё дар меҳмонхонае гирд меомаданд ва Хони Наврӯзӣ меоростанд ва он хонро “ҳафт шин” мегуфтанд, ки ҳар як нозу неъмати дар рӯи хон буда бо ҳарфи “шин сар мешуд: шир, ширинӣ, шакар, шароб, шарбат, шаҳду, шамъ, шамшод, шона, шоҳ//шоя (номи як навъ рустании кӯҳӣ) ва ғ. Ҳар як нозу неъмати Хони Наврӯзӣ рамзи орзуву омоли халқ дар Соли Нав мебошад. Дар аҳди Сосон ва замони суғдиён низ Наврӯз ба таврӣ дастҷамъӣ таҷлил мешуд. Суфраи “Ҳафт шин” ё “Ҳафт син” (суманак, сикка, сирка, сирпиёз, санҷид, сумоқ, себ, сабзаи наврустаи ҷав ё гандум, самак, сипанд, сумбул...) рамзест аз “Хони наврӯзӣ” ва он наметавонад бо ҳафт неъмати бо ҳарфҳои “шин” ё “син” оғозшуда маҳдуд шавад. Илова бар ин бар хони наврӯзӣ навдаи (барсам) дарахтони мевадорро миқдори се, ҳафт, дувоздаҳ ё бисту як шоха мегузоштанд. Китоби осмонӣ (“Авесто”-и Зардуштиён, “Қур’он”-и мусалмонон ва “Таврот”-и яҳудиён), кӯзаи об, нон низ аз неъматҳоест, ки бар суфра гузорида мешуд. Дар ин рӯз ҳатто шоҳ дар атрофи хони барзгар нишаста бо раияташ якҷоя хушиву хуррамӣ мекард. Симоъгарону овозхонон барои мардум хизмат мекарданд. Борбади бузург барои ҳар рӯзи сол иборат аз сесаду шаст оҳанг офарида буд хуштар аз ҳамдигар, хоса аз барои рӯзҳои моҳи Фарвардин, яъне Ҳамал, ки маҷзубу дилработарин оҳангҳо буд. Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мо мардумони маърифатнок ва пешқадами замони худ буданд. Ба ин нозу неъмати Хони Наврӯзии онон шаҳодат медиҳад. Ширу шакар ва ширинуву шарбати онҳо шириниву шароб рамзи хушии ҳаёт мебошад.

4. Маросими ҷуфтбаророн. Азбаски Наврӯз бештар ба анъанаҳои мардумони муқимӣ – деҳқонон алоқаманд аст, бархе аз рамзҳои он, аз ҷумла рамзи Бобои Ҷуфтрон (пири кӯҳансол ва деҳқони асил), ки як навъ идомаи рамзи Бобо Деҳқон аст, то имрӯз побарҷост. Ин маросим ҳоло ҳам дар кӯҳистони Шаҳрисабзу китоб (деҳаҳои Сарчашмаву Ғелон, Тамшӯшу Кӯл, Чунгураку Денав Боло, Аспи Духтару Шӯт ва Ҷавзи боло) гузаронида мешавад. Чунончи, дар деҳаи Ғелон дар маросими Ҷуфтбурорӣ мардум дар “Даштэ дйа” ҷамъ меоянд, ки заминаш ҳосилхез аст ва барфаш пеш аз ҳама ҷо мебаромад. Сипас Бобои Эшон фотиҳа мехонанду ҳама баробар “омин” мегӯянд ва “Бобои Деҳқон” говрона дар даст гирифта барзаговҳоро бо “бисмиллоҳ...” ба юғ мебандаду ду ё чор хат меронад ва дастаи умочро ба деҳқони ҷавонтаре месупорад. 5. Маросими бахткушоӣ. Дар Самарқанду Бухоро пеш аз рӯзи Наврӯз ё дар яке аз рӯзҳои наврӯзӣ духтаронро “бахткушоён” мекарданд. Ҳоло номи ин маросим тағир карда. Дар Бухоро “мӯлҷардароён”, дар Самарқанд “мунисакпӯшон” ва дар Қаратоғи Ҳисор “калтачапӯшонӣ” меноманд. Ҳамаи ин номҳо як рамз дорад, яъне хушбахтии фарзанд, ба ӯ бахти сафеду толеъи баланду наку орзу намудан. Духтар, ки болиғ шуд, ӯро ба гармоба мебурданд. Сипас ба вай либоси наву тоза ороставу зару зевар пероста мекарданд. Баъд дар мобайни хонаи калоне духтарро шинонда, дугонаҳояш мӯйҳояшро майдабофӣ мекунанд. Ин ҷараён бо мусиқӣ (аксар бо доира) ва сурӯду таронахонӣ анҷом мепазирад. Баъд ходима духтарро пироҳани “Бахт”, ки рангаш сапед аст, мепӯшонад. Дар ин асно волидайн ба сари духтар тангаву қандалот ва хушкмева мепошанд ва ҳар яке бо талош онҳоро чида, волидайнро табрик мегӯянд. 6. Маросими гулгардонӣ. Муҳимтарин рамзҳои наврӯзӣ дар гулу сабзаҳо ва навдаҳо тачассум ёфтааст. Гулҳои нахустини баҳорӣ: сияҳгӯшу наргису лола аз гулҳоест, ки тавассути бачагон дар рӯзҳои наврӯзӣ ба мардум ҳадя карда мешаванд. Онҳо дар аснои пешкаш намудани гулҳо одамонро бо шеърхониҳо ба омадани баҳор ва Наврӯз шодбош мегӯянд. 7. Тухмбозӣ. Дар маросими шикастани тухми мурғ низ бачагон ва ҷавонон ширкат меварзанд. Ранг кардани тухми мурғ ва бозӣ бо он низ аз маросимҳоест, ки то имрӯз дар баъзе аз мавзеъҳои Осиёи Миёнаву Кавкоз ва Эрон боқӣ мондааст. Ин анъана ҳатто дар идайни исломӣ низ асар кардааст. Яъне як рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз (Ин бозӣ дар Курдистон дар маросими Чоршанбесурӣ доир мегардад) ва Идҳои Қурбону Рамазон бачагон тухмҳои маҳкаму пӯсташон сахтро омода карда, баъзеи онро тавассути пӯсти пиёз ранг мекунанд ва рӯзҳои ҷашн бо онҳо бозӣ мекунанд. Ёд дорам, боре пас аз адои намози Иди Рамазон ду-се тухми мурғро бардошта назди масҷиди деҳа шитофтам ва дар як он онҳоро ба писархолаам бохтам. Ҳамон рӯз писархолаам бо як тухм беш аз сад тухм ба даст овард. Аз он ки тухмҳоямро бохтам дар таассуф будам ва меболидам аз он, ки нисфи он тухмҳоро бардошта то хонаи холаам бурдам ва холаам бисттои онро ба ман тақдим карданд. 8. Ташкил намудани гунаҳои сабқатҳои мардумӣ. 9. Баргузории базмҳои наврӯзӣ (“Базми ҷамшедӣ”). Дар Самарқанду Бухоро наврӯз як ҳафта кашол меёфт. Мардуми Самарқанд ва гирду атрофи он асосан теппаи Афросиёб, Регистон ва мавзеи Оби Раҳматро наврӯзгоҳ ихтиёр мекарданд. Рӯзона ҳар гуна бозиҳо ташкил мекарданд, шабона занҳо суманаку ҳадиса мепухтанду ҷавонон тарфбозӣ (оташбозӣ) ва мушакпарронӣ карда базмҳои шабона меоростанд. Пеш аз Наврӯз аҳли фазлу фарҳанг “Идӣ” (як саҳифаи сабзранг, ки дар он чаҳор мисраъ шеър ё як рубоӣ хушнависӣ шуда) менавиштанду тавассути кӯдакон онҳоро ба мардум паҳн мекарданд.

Дар Кешруд (водии Қашқадарё) то инқилоб нисбат ба тамоми идҳо Наврӯз бо шукӯҳу тантана ва пур аз анъаноти мардумӣ мегузашт. Мардумони водӣ Наврӯзро дар шаҳрҳои Насафу (Қаршӣ) Косон, Ғузор ва Шаҳрисабзу Китоб бо навбат серӯзӣ мегузарониданд. Мир ва мардуми ҳар ноҳияву шаҳр кӯшиш менамуд, ки Наврӯзро аз дигарон беҳтару хуштар таҷлил кунад. Аз ин рӯ ба Наврӯз чандин рӯз омодагӣ медиданд. Рӯзи дуюми Наврӯз мардуми Шаҳрисабз ҳама ба сайргоҳ – атрофи Оқсарой мерафтанд, ки он хуб ҷиҳозонида шуда буд. То бегоҳ сайру гашт, гӯштингирӣ, пойгаҳ, аспдавонӣ, дорбозӣ ва дигар лаъбу бозиҳо карда, шомгоҳон дар табақҳо зағир рехта, дар ҳар табақ чаҳор пилта мегузоштанд ва дар авҷи базм тамоми пилтаҳоро дармегирониданд. Атроф чун рӯз мунаввар мешуд ва мардум то дамидани субҳ шодмониҳо мекарданд. Инак, имсол низ чун ҳамасола қавму милали гуногуни Машриқзамин, аз қабили тоҷику ӯзбек, турку тотор, эрониву озар, қибтиёни Мисру курдиёни Ироқ, порсиёни Ҳиндустону урдувони Покистон, мусалмонони Чин ва монанди инҳо Наврӯзи хуҷистапайро ҷашн гирифта истодаанд. Уммедворам, ки Наврӯзи имсола ба ҳамагон шодиву пирӯзӣ, хушиву хуррамӣ оварда ба чеҳраҳо нуру ба дилҳо сафо ва ба аҳдҳо вафо мебахшад.

Убайдзода Сиёвуш – аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Восеъ.