ЁРИ БЕ ЗАҲМАТУ ОЗОР КИТОБ АСТ!

Вахш:  

Ҳамасола, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон сухан ронда, таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замона бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.

Оре, Пешвои миллатамон сухани ҳакро гуфтаанд. Агар имрӯз ҷавонон ба китобхонӣ рӯ наоранд, барои ҳунаромӯзӣ накӯшанд, наметавонанд дар оянда  меросбарони миллати тоҷик бошанд, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Дар заминаи дастуру супоришҳо ва таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар назди китобхонаҳои ноҳия аз ҳисоби кормандон китобхонаи сайёр ташкил карда шудааст, ки масъулин ба ташкилоту идораҳо ва хонаҳои истиқоматии аҳоли рафта хизматӣ китобӣ мерасонанд, мақсади асосии аъзоёни ТИ “Китобдорон” оммавӣ гардонидани китобхонӣ дар байни аҳоли ва бад ин васила огоҳ  намудани миллат аз таърихи пурғановати халқи тоҷик мебошад.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.