ОЗМУНИ " ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД"

Вахш:  

Бо мақсади иҷрои саривақтии нақша чорабиниҳо дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат, рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандони мардумӣ дар кишвар имрӯзҳо озмуну чорабиниҳои гуногун баргузор гардида истодааст, ки дар ин замина вобаста ба рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани армуғонҳо барои сайёҳон, ҳифз ва сайқал додани ҳунарҳои миллии ниёгон аз масъалаҳои мавриди диққати Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар марбут мебошад.

Баргузории озмуни " Ҳунар беҳтар аз зар бувад" ҳамасола гувоҳи гуфтаҳост. Имрӯз низ  дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак даври якуми озмуни " Ҳунар беҳтар аз зар бувад" аз рӯи шаш номинатсия дар ТИ “Домпионнер” байни ҳунармандони ноҳияи Вахш  баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

 

          Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳзби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.