ПАЙРАВОНИ СОДИҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

Вахш: Созандагони ватан  

 Дар ҳошияи арҷ гузоштан ба арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами КИ ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи  19-уми апрели соли 2024 дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ”, “Ҷавонон зидди гурӯҳҳои ифротию террористӣ” вохӯрии масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В., бо ҷавонон дар масъалаи арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷик, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ ва  сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав суҳбат доир намуданд. Ҳангоми суханрониашон қайд намуданд, ки сабаби асоси шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ин сатҳи пасти саводнокии ҷавонон ва наврасон мебошад, ки аз надоштани саводи диниву дунявӣ ба чунин ашхоси фитнаандоз бовар намуда, ҳаёти худ ва чандин одамони бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Мавсуф аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, вазифадоранд, ки аз тамоми роҳу васила истифода намуда, кӯшиш намоянд, то илмҳои замонавиро аз худ намуда, дар оянда мутахассисони варзидаи соҳаҳои мухталиф гардида, барои пешрафту тараққии кишвари азизамон саҳмугузори намоянд.   

 

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи  Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.