КОНФЕРЕНСИЯИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ВА ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Вахш: Созандагони ватан  

 Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин нодуруст истифода бурдани телефони мобилӣ мебошад. Истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар байни одамон як кори оддӣ ба ҳисоб рафта, ҳатто байни кӯдакону занони ҳомиладор низ муошират тавассути он ба назар мерасад. Мутаассифона, қисме аз оилаҳо аз зарари истифодаи телефони мобилӣ бехабар буда ва қисми дигар агар огаҳӣ ҳам дошта бошанд, одат карда, тез-тез ва бемаврид аз он истифода мебаранд. Асри 21 ки асри техникаву технологияи инаватсиони мебошад пайдо гардидани гурӯҳҳои тафриқаандозу террористи дар шабакаҳои иҷтимоӣ то рафт шиддати нав пайдо намуда истодааст.

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба дуруст ва самаранок истифода намудани воситаҳои техникиву технологи дар байни ҷавонону наврасон дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намуда, дар толори фарҳангии МТМУ №56, байни хонандагону аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” конференсияи омӯзиши оид ба истифодаи дурусти воситаҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернети баргузор карда шуд.

 

            Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.