АКСИЯ: “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити мо муҳимтарин чизест, ки мо дар ин ҳаёт дорем ва барои тоза ва зебо нигоҳ доштани ин муҳити зист, мо бояд қадамҳои мушаххас, муҳим ва муташаккилро барои солим ва тоза нигоҳ доштани муҳити зистамон анҷом диҳем.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти тозаву озода нигоҳдоштани муҳити зист ва ба кишвари сабз табдил додани Ватани азизамон дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” роҳандози гардидааст, ки аз тарафи аъзоёни тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Вахш  ҳамовозии хешро ёфтааст ва дар ин доира аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромад дар ҳудуди ТИ “Ҳ.Шерозӣ” саҳми хешро дар тозагии муҳити зист ва нарм намудани атрофи дарахтон гузоштанд.

 

           Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.