УСТОД АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ СУЛТОНИ ШОИРОН

Вахш: Созандагони ватан  

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ на танҳо бузургтарин шоири давраи Сомониён, балки нахустин ва бузургтарин шоири Эронзамин ва падари шеъри форсӣ аст. Мақоми Рӯдакӣ дар шеъру адаби форсӣ то бад-он ҷоест, ки дигар шоирон ва бузургон бартарӣ ва баландии пойгоҳи ӯро дар шеъру шоирӣ сутуда ва вайро “султони шоирон” ва “устоди шоирони ҷаҳон” номидаанд.

Дар ин асно ба хотири арҷгузори ба заҳматҳои устод Абуабдуллои Рӯдакӣ дар толори хониши китобхонаи МТМУ №56, маҳфили адаби бо иштироки аъзоёнии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор карда шуд, ки дар рафти маҳфил ҷамъомадагон аз осори пурғановати устод шеъру қасидаҳо қироат намуданд. 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.