ТАШАББУСИ АЪЗОЁН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо ин мақсад дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Вахш, бо ташаббуси аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб, маҷлисгоҳи муассиса азнавсозӣ карда шуд, ки ин раванд дар таълиму тарбия ба таври назаррас фоидаовар мебошад.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.