БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР “МАҲАЛЛАИ №3” – и НОҲИЯ.

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор” корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №3”-и ноҳия бо иштироки Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон ва аъзоёни фаолони ин маҳаллаи номбурда баргузор карда шуд. Фаъолони ҳизбӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳо, заминҳои назди биноро нарм намуда, обчакорӣ карда шуд ва инчунин гулҳо ва бехи дарахтонро аз алафҳои худрӯй тоза намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар доираи Аксияи номбурда, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия саҳм гузошта истодаанд.