ВОХУРИИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КОЛЕҶИ ТИББИИ КАНГУРТ”

Темурмалик:  

Бо мақсади  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ташкилоти  ибтидоии Ҳизбии “Колеҷи тиббии Кангурт” Давлатов Файзиддин  бо кормандони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Колеҷи тиббии Кангурт” оид ба ободонию созандагӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин,  татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи заминҳои  ташкилоти номбурдаро нарм карда ва дар замини нармкардаи худ обчакори намудаанд ва инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби Ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.