ВОХУРИИ РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК БО АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲУНАРМАНД”

Темурмалик:  

Санаи 4 – майи  соли ҷори бо мақсади  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ташкилоти  ибтидоии Ҳизбии “Ҳунарманд” Ширмои Маҳмадсаид  бо кормандони Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунарманд” оид ба ободонию созандагӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин,  татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.