ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”.

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” дар ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуда истодааст.

Дар таърихи 16-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ  дар деҳаҳои Шӯрообод ва Хайркорони Ҷамоати деҳоти Шӯрообод корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.      

                                                       

     Суратгузориш аз ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”: