АЗ ШАБАКАҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ИҶТИМОӢ ЭҲТИЁТ БОЯД КАРД!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Мусаллам аст, ки дар фазои сиёсию фарҳангии кишварҳо матбуоти даврӣ нақши бориз дорад. Бо пайдо гардидани интернет роҳ ба сӯи тарғиби ғояҳои сиёсию фарҳангӣ ва фаъолияти матбуоти даврӣ боз гардида, кори рӯзноманигорон ба маротиб осон шуд.

    Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ матбуоти даврӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат сомона ва саҳифаҳои расмии худро доранд ва тавассути онҳо  ба мардум хабар интишор мекунанд.

   Чанд вақт инҷониб дар баробари сомонаю саҳифаҳои иҷтимоии «Паём.нет», «Ислоҳ» саҳифаи иҷтимоии «Ахбор.ком» низ маводҳои муғризонаю ноҷавонмардона нисбати давлату давлатдорӣ ва мақомоти марбутаи давлатӣ рӯи чоп меорад. Эҳсос мешавад, ки сардабири он бо назардошти озодии баён зери тасарруфи ақидавии кадом созмону шахсият марзҳои эҳтиромро кайҳо гузаштааст.

    Ҳеҷ кас ба мо ҳаққи таҳқири  инсонро надодааст ва мо ҳуқуқи паст задании шаъну шарафи  инсонҳоро надорем. Шаъну шарафи инсон аз назари қонунгузории байналмилалӣ арзиши олист. Нодида гирифтани талаботи қонунгузорӣ дар ин маврид хоси рӯзноманигори касбӣ нест. Ҳама гуна баҳсу нофаҳмӣ ва ҷангу хунрезӣ аз чунин рафторҳои ғайри инсонӣ маншаъ мегиранд.

    Дар тамоми давлатҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафта камбудию норасоиҳо буданду ҳастанд. Дар ягон гӯшаи ҷаҳон зиндагӣ бо орзуҳои афсонавӣ роиҷ нест. Кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, иқтисодиёташ бо шарофати тангназарию кӯрдилии як тоифа мансабхоҳони давр ба сифр баробар шуду хушбахтона ҷавонмардони асилаш дар садади давлатсозианд, пешрафти онро нодида гирифтану ба қавле панҷ ангуштро якҷоя ба даҳон андохтан аз рӯи одоби касбию инсонгарӣ нест. Рӯи рост тамасхур задану матолиби  иғвоангез  интишор намудан эътибору масъулияти рӯзноманигорро зери суол мебарад.

    Ман аз сатҳи касбияти муддаиёни «Ахбор.ком» намедонам, вале воқеият ин аст, ки пушти шабакаи хабарӣ бояд журналисти касбӣ ва  воқеиятнигор бошад на маҷбурхабару тангназар.

    Аз ҳамватанон ва касоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳо имкони дидану мутолиа карданро доранд, даъват ба амал меорам, ки ба матолиби муғризонаи сомонаи «Ахбор.ком»  ва дигар шабакаҳои иртиҷоӣ таваҷҷуҳ накунанд. Зеро маҳз ҳамин гуна шабакаю сомонаҳо кишварҳои Ховари Миёнаро ба хоку хун кашиданд. Ба ҳар сурат эҳтиёткор бояд буд!  

КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Ш. Шоҳин.