НАВРӮЗ-МЕРОСИ НИЁГОН!

Ш.Шоҳин: Андеша  

 Тоҷикон ва тоҷикистониён ҷашни миллӣ ва дӯстдоштаи худ Наврӯзро, ки аз ниёгонамон мерос мондааст бо як шукӯҳу шаҳомати махсус дар ҳар як минтақа  ҷашн мегиранд.  Наврӯз яке аз ҷашнҳое мебошад, ки фарорасии баҳор ва  оғози кишту кори кишоварзонро дар соли нав хабар медиҳад.  Яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки аз даврони ниёгонамон манша мегирад, зимни таҷлили бошукӯҳаш ташкили бозиву дилхушиҳо ва барпо намудани мусобиқаҳои паҳлавонӣ мебошад. Дар ҷашни тантанаҳои Наврӯзӣ дар баробари фарорасии кори кишоварзон, муаррифӣ намудани расму ойини миллии ниёгон ва аз рӯи анъанаҳои асотири қадима  паҳлавони сари сол муайян карда мешуд.    Аз ин ҷост, ки ҳамасола бо фаро расидани баҳору  ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  беҳтарин паҳлавонон аз кишварҳои ҳамҷавори ҳамсоя барои дарёфти унвони ифтихории “Паҳлавони сари сол” ба кишвари мо ташриф меоранд. Умуман мардум  аз қадимулаём ба бозиҳои қадимаи мардуми ориёӣ  аз ҷумла  аспсаворӣ,  гуштингирӣ, хурусҷанг, бузкашӣ ва инчунин ба гулғулисароӣ, гулбазму шеъру таронахонӣ ва нақлу ривоятҳо доир ба паҳлавонӣ ва родмардони асил шавқу рағбати беандоза доштанд.  Хосатан дар оғози ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз рӯзи аввал  мардумон дар Наврӯзгоҳ ва майдонҳои махсусе,ки барои тантанаҳои ҷашнӣ муқаррар гардида, ба монанди майдони  бузкашӣ, пойгаи аспдавонӣ ва паҳлавонӣ сарҷамъ омада, бо тамоми унсурҳои  ҳадима аз Наврӯз хуш истиқбол менамоянд. Одатан бо фарорасии баҳор ва Наврӯз мардуми ориёӣ хосатан тоҷикон  расму ойинҳоеро иҷро мекунанд, ки роиҷ ба корҳои кишоварзӣ ва боғпарварӣ маҳсуб  мебошанд. Суманакхобонӣ, гулгардонӣ,  ҷуфтбаророн ва  қулбакашӣ маҳз дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ анҷом дода мешавад.  Наврӯз ҳамчун Соли нав дар ҳама давру замон сар карда аз ниёгонамон то ба рӯзгори мо омада расидааст ва бо як расму русуми ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз оинест, ки фарҳанги халқаҳои қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърихро мустаҳкам намуда, баҳамоии қавмҳоро таҳким мебахшад.  Бигузор  Наврӯзи хуҷастапай ба хонадони ҳар яки мову шумо  файзу баракат, нусрату саодат ва сулҳу амонӣ биёрад.

    Саъдуллоев  Рамазон