ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АРАФАИ ИДИ “НАВРӮЗ”.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  бахшида ба таҷлили сазовори  ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” аз рӯзҳои офтобии фасли зебои баҳор истифода намуда, дар лаҳзаҳои мусоид ба ҳашари дастаҷамъона баромада дар якҷоягӣ ба тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳо ва мавзеъҳои муқаддас аз ҷумла қабристонҳо корҳои ободониро ба роҳ монда, саҳми хешро дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр расонида истодаанд.

Ин иқдом дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дастгирӣ ёфта, бо иштироки  аъзоёни фаъоли ҳизбӣ ва шахсони обруманди маҳаллаву деҳа дар оянда низ идома хоҳад ёфт.   

 

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ :