НАҶОТИ ПАРРАНДАГОНУ ҲАЙВОНҲОИ НОДИР ДАР ФАСЛИ САРМО.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзоёну кормандони хоҷагии ҷангалу мамнӯгоҳҳо пайваста гузаронидани корҳои биотехникӣ бобати  нигоҳубин ва беҳтар намудани вазъи зисти ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагон аз фасли сармо  ва  дар таъмини афзоиш ва нигоҳубини онҳо ва ташкил намудани хӯроки иловагӣ дар ҳолатҳои зарурӣ  ба шумор меравад.

Бо мақсади эмин будани ҳайвонҳои нодир аз сардиҳои фасли зимистон аз тарафи  кормандону аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангали Шӯрообод” баҳри наҷоти онҳо дар таллу теппаҳо дон ва  эму хошокро саривақтӣ мегузоранд. Ташкилоти мазкур тасмим гирифтааст,ки чунин амалҳои хайрро то ба эътидол омадани обу ҳавои минтақа пайваста ташкил ва баргузор менамояд.

 

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории корҳои биотехникӣ: