ТОҶИКИСТОН- ТАШАББУСКОРИ МАСОИЛИ ОБӢ ДАР САЙЁРА!

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи таҳлилҳои коршиносон дар ҷаҳон тайи ним миллион одамон аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чи тавре, ки терроризму экстремизм ба ҳаёти инсонҳо таҳдид дорад, хатарҳои экологӣ низ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҷаҳон ба шумор меравад.  Дар баробари оне, ки омилҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об барои башарият ва ҳифзи табиат хатару таҳдид эҷод мукунад, норасоии оби ошомидани ва истифодаи самараноки манбаъҳои обӣ дар сайёра метавонад боис ба нофаҳмиҳо миёни давлатҳо гардад. Моҳияти масъаларо ба мадди назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти об пеш бурда, ҳолатҳои фалокатбори истифодаи ғайримунсифонаи манбаъҳои обиро аз назари илмию сиёсӣ баҳогузорӣ ва дар ин масъала ҳамчун кишвари пештоз дар сатҳи ҷаҳон иқдомҳои созандаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад .

Баҳри пешгирии хатарҳои ба инсоният ва табиат таҳдидкунанда дар ин масир  дар танҳои истодагарӣ кардан ғайриимкон аст. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ оид ба масоили оби тоза ва хатари тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо суханрони намуда, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ин масъала пайваста ҷалб менамояд.

Кӯшишҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар ҷаҳон хеле назаррас буда, ҳамагон медонем, ки аввалин ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об соли 1999 дар иҷлосияи 5-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки 180 давлати ҷаҳон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонавӣ шуда, дар ин радиф соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид.     

Ҳамзамон ташаббуси 5-уми Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар масъалаи нигоҳдошти мувозинати экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо нигошта шудааст, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуд. 

Дар як навбат соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва шурӯъ аз 21 марти соли 2025 ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, Ассанблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарорҳои дахлдор бароварда, барои дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидани он эъломия қабул намуд.  

Чунин рӯйдоди муҳими таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муътабар сохта, далолат аз он мекунад, ки миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунофару сулҳҷӯ ва донишманду дурандеш аст ва дар масъалаи ҳамзистии осоишта бо соири давлатҳои сайёра мавқеи устувор ва ивазнашаванда дорад.

Дар зимн, моро мебояд, ки дар масъалаи сарфакорона истифода намудани манбаъҳои обӣ аз назараи ақлу фаросати комили инсонӣ муносибат намоем ва ҳамчун ворисони имрӯзу гузаштагонамон ифтихори миллату давлати хеш бошем.

 

                                                                        Саъдуллоев Р-    мудири шуъбаи

                                                                         таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ

                                                                          дар ноҳияи Ш.Шоҳин