ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МАҲАЛ.

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, бобати дар давраи муайяни то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани мамлакат назди тамоми ташкилоту муассиса ва сокинон супоришҳои мушаххасеро рӯи кор овард.

Дар доираи супоришҳое, ки аз Паём маншаъ мегирад ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли зимистон дар ҳар гӯшаи диёр корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Дар даҳаи аввали моҳи феврали соли равон сокинони деҳаи Носир-бобои Ҷамоати деҳоти Саричашма ба ҳашари дастаҷамъона баромада дар гирду атрофи деҳаи хеш беш аз 260 бех дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида, саҳми худро дар ободу зебо гардонидани маҳал гузоштанд. Сокинон тасмим доранд, ки дар оянда низ дар сарсабзу   хуррамгардонии диёр саҳми хешро хоҳанд гузошт.    

                                                                                                         

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории корҳои ободонӣ: