Ҳамрозода Комил Ҳамро – Муовини раис

Ҳамрозода Комил Ҳамро санаи 4-августи соли 1969 дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Соли 1976 ба синфи якуми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 –и ноҳияи Шаҳритус  қабул шуда ва онро бо мувафақият соли 1986 хатм кардааст.

Аз соли  1985 то 1986 – Ба ҳайси коргари бригадаи пахтакорони совхози Бешкенти ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  1986 то 1987 – Ба ҳайси челонгари муассисаи нақлиётии автомобилии №19-и ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  1987 то 1988 – Донишҷуи Унверситети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин,  шаҳри Душанбе.

Аз соли  1988 то 1989 – Хизмат дар сафи Артиши Шуравӣ ш.Свердловск Федератсияи Россия.

Аз соли  1989 то 1993  – Донишҷуи Унверситети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин,  шаҳри Душанбе.

Аз соли  1993 то 1995 – Нозири хурди шуъбаи гумрукӣ ноҳияи Шаҳритус.   Аз соли  1995 то 2007 - Нозири калони шуъбаи гумрукӣ ноҳияи Шаҳритус.

Аз соли  2007 то 2008  - дар вазифаи  Сармутахасиси ситоди ҲФ ва МГ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  2008 то 2009 -  дар вазифаи  Мутахассиси пешбари бахши иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  2009 то 2010 -  дар вазифаи  Мутахассиси пешбари бахши ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ноҳияи Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  2010 то 2015 -  дар вазифаи  Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли  2015 то 2018 -  дар вазифаи  Мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли 2018 то 2019 -  дар вазифаи Мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Аз соли 2019 то ба ҳол Муовини раис – мудири шуъбаи ташкили ва ба ҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.

Ҳамрозода Комил Ҳамро  оиладор соҳиби 5 фарзанд.