АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Санаи 25.04.2024 сол масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии «Машъали Шаҳритус»-и ноҳияи Шаҳритус, якчанд нафар омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёнро ба аъзогии ҲХДТ қабул намуда ба онҳо дар фазои тантанавӣ  шаҳодатномаҳои  ҳизбӣ  тақдим  карда  шуд. 

         Ҳамзамон, ба омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён фаҳмонида дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва манавиётӣ баланди аъзои худ такия намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амали гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии  мамлакат  мусоидат менамояд.