МУБОРИЗА ТО ЧАШИДАНИ ШАҲДИ ҒАЛАБА

Шаҳритуc: Андеша  

Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Яке аз иштирокчӣ ва бе шубҳа каҳрамони Ҷанги бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 аз ноҳияи Шаҳритуси бостонӣ Хӯҷамқулов Мирзоқул Хӯҷамқулович мебошад, ӯ  5 апрели соли 1926 дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст.

Ғурури ҷавонӣ, меҳри беканори ватандорӣ ӯро нагузошт, ки дар он шабу рӯзи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ қарор дошта бошад. Ин буд, ки дар овони 17 – солагӣ ба хотири муҳофизати кишвари абарқудрати Шӯравӣ бархоста, соли 1943 ихтиёран ба фронт рафт ва то шаҳди ғалабаро чашидан алайҳи душман мубориза бурд.

Баъд аз торумор шудани душман боз 2 сол дар Олмон ва кишварҳои Ғарб хизмат намуда баъдан барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба Ҷопон фиристода шуда баъди торумори артиши Ҷопони милитаристӣ соли 1950  бо як олам таъсуроти фаромушнопазир ба Ватан баргашт. Баъдан ба донишгоҳ дохил шуда пас аз хатми  он дар муассисаҳои таълимии ноҳия то соли 1985 аз фанни забони русӣ, забон ва адабиёти тоҷик,  тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба шогирдон сабақ омузондааст. Ин шахсияти маъруфи ноҳияи Шаҳритусро ҳамгон бо як ҳисси эҳтироми баланд “Муаллим” гӯён номаш мегирифтанд.

Хӯҷамқулов Мирзоқул аз рӯзи аввали фаъолият то вопасин рузи зиндагӣ (5-ноябри соли 2018) ба меҳани азиз хизмат намуд ва дар 92 соли пурбаракати ҳаёт аз худ номи нек ба ёд гузошт. Ёдат ба хайр бод бобои қаҳрамонам.

Мирзоқулов Ҷовидон - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.