МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМ  ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ Х.ХОЛМАТОВ»

Шаҳритуc:  

Санаи 23.04.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов» маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум  бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов», инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ,  имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонон ва намояндагони  дигар  соҳаҳо доир гардид. 

Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов» бо  масъалаҳои зерин:

      1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024  ва вазифаҳо барои оянда;

     2.Масъалаҳои  ҷорӣ  (ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва тундрав дар сатҳи баланд баргузор гардид.