9-УМИ МАЙ ҲАМЧУН РӮЗИ ҒАЛАБАИ ХАЛҚҲО ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Шаҳритуc: Андеша  

 9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе номгузорӣ шудааст.

      Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.

       Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 79-умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

       Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида созандагуву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем намунаи ибрат ва сабақ мебошад. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Юсупова Г., мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ.

 дар ноҳияи Шаҳритус.