РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Шаҳритуc:  

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 79-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, санаи 8.05.2024 сол бо иштироки муовини раиси ноҳия, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат ва як қатор собиқадорони меҳнат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, ҷанговарони башардӯсти Афғонистон (интернатсионалист),  як қатор роҳбарон ва аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ва хонандагони синфҳои болоӣ (Гирандагони стпендияи Президентӣ) маросими роҳпаймоӣ ва гулчамбаргузорӣ доир карда шуд.