ХАТАРИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Шаҳритуc: Вокуниш  

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додааст ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудааст.

          Ҳамзамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал овардааст, ки «ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед», «ватану миллати худро дӯст доред», «ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред».

            Боиси қайд аст, ки яке аз минбарҳои аслии гуруҳҳои ифротӣ дар солҳои охир ин сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳарӯз тариқи сомонаҳои интернетӣ хоинони давлату миллати мо албатта, ки бо маблағгузории хоҷагони хориҷиашон даҳҳо видеороликҳоро паҳн менамояд, ки  боварии мардумро бар зидди ҳукумату давлат коста кардан равона карда шудааст  ҳарчанд, ки ин нафарон худро Ватандӯсти асил мегиранду аз дину диндори ҳарф мезананд, вале онҳо дар қиссаи сокинони Тоҷикистон нестанд ҳарчанд, ки аксарияташон дар Тоҷикистон ба воя расида обу ҳавои ин диёрро нушидаву нафас кашидаанд. Вале сад афсус, ки онҳо имрӯз роҳи гумроҳиро интихоб намуданд ва боз мехоҳанд дигаронро низ гумроҳ кунанд.

        Ҷавононро, ки  ояндаи миллат мегӯянд, аз ин лиҳоз ҷавононро зарур аст ҳамвора дар пайи ислоҳи ҳамдигар бошем ва нагузорем, ки кадом як асолатбохтае  дини моро ба муқобили худамон истифода барад, бародарамонро ба мо бегона намояд ва моро ба Ватан-модар душман созад.

 

Ҳамрозода К.- муовини-раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус