МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМ  ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ТОҶИКСТАНДАРТ»

Шаҳритуc:  

Санаи 22.04.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум  бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт»   доир гардид. 

Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт»   бо  масъалаҳои зерин:

      1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024  ва вазифаҳо барои оянда;

     2.Масъалаҳои  ҷорӣ  (ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав.

               Дар рафти маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромада намуда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубо­риза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир менадешад.

           Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани   ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

         Аз ин рӯ, ҳар як шаҳванди Тоҷикистон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ваъдаҳои пучи пайравони ТТЭ нашаванд, ба қадри тинҷиву оромии Ватан бирасанду ояндасози давлату миллат бошанд.