ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД!

Шаҳритуc: Андеша  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта  бо азму талошҳои шабонарӯзии инсонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди Ватани азизамон мавқеи ҷавонон хеле муҳим мебошад. Нақши ҷавонон дар замони имрӯза нерӯи пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи ҷомеаю давлат ном мебарад, ки дуруст аст.  Дар заминаи ҳамкориҳои пайвастаи Сарвари давлат як қатор тадбирҳои мушахас андешида шуданд. Аз ҷумла андозаи стипендияи Президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд карда шуд.

Муссаллам аст, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ҷавонон дар муқоиса бо дигар қишри ҷомеа имкониятҳои бештар доранд, онҳо ақидаю мафкура, нуқтаю назар ва асосҳои иқтисодии бозоргониро зудтар дарк менамоянд  ба воқеияти замонавии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мутобиқ мегарданд  дар эъмори давлати мутараққӣ, ҳуқуқбунёд  аз нигоҳи иҷтимоӣ иштирок мекунанд.

Мо аз ҷавонони Тоҷикистон итминони комил дорем, ки бо ҳадафҳои бунёдии Пешвои миллатамон ва бо кӯшишу саҳмгирии бевоситаи ҷавонони фаъоли меҳнат рӯ ба сӯи саодату пирӯзӣ ва дар сафи давлатҳои мутараққии сайёра ҷойи худро муайян месозанд.

 

Замонов А. - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Шаҳритус.