ХАТАРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Шаҳритуc: Андеша  

 Бо баробари рушди технологияи муосир солҳои охир аъзоёни ташкилотҳои экстремистию террористӣ маҳз тариқи компютер ва телефони мобилӣ, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди «Одноклассики», «Facebook», «YouTube», «Мессенҷер», «Вконтакте», «Твиттер», «Ватсап», «Имо», «Вайбер» ва ғайраҳо, инчунин таъсиси сомонаҳои ба худ хос, ки аъзоёни онҳо таъсис додаанд, ақидаҳои ифротангез ва нопоки худро баён намуда ба ин восита ҷавонони сустирода ва зудбоварро ба доми фиреби худ мекашанд.

Қобили зикр аст, ки дар замони муосир ба амнияти миллии ҳамаи давлатҳо аз ҳама бештар терроризми компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ, ки ба шабакаи доимии «Интернет» пайваст мебошанд ба сиёсату сохтори давлат  ба сохторҳои бонкӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои хусусии кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ расонида истодаанд. Дар ҳоли ҳозир шабакаи Интернетӣ тамоми давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Бо истифодаи технологияҳои муосир ба монанди таҷҳизоти компютерӣ ва телефонҳои мобилӣ метавон аз ҳама гӯшаҳои саёраи замин ба Интернет пайваст шуд.

       Аз ин лиҳоз, ҳангоми тамошои наворҳо ё нигоришҳо дар шабака ва сомонаҳои интернетӣ ба монанди «YouTube» ва дигар сомонаҳо бодиққат бошед ва  фирефтаи ақидаҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ нашавед.

 

Ҳамрозода О. - мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.