БА ФИРЕБУ НАЙРАНГҲОИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ДОДА НАШАВЕД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷавонони тоҷик  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:

“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу  номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби  ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд  ва парчамбардори ин сарзамин, марзу  бум  ва кишвари муқаддасамон бошанд».

        Ҷавононро мебояд, ки  дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеша намуда ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ рӯй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои Ватану сарзаминамон хизмат намоянд.

         Шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  метавонад дар оянда пояи зеҳнӣ‑ақлонӣ ва касбии ҷомеаро хароб созад. Бинобар ин  мо ҷавононро мебояд, ки шукронаи ана ҳамин давлати соҳибистиқлолу, фазои тозаву озоди ватанамон кунем.

         Мо ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки  нооромиву бесомоние, ки ба сари мардуми  мо дар давраи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ омада буд, дигар бар нагардад.

       Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин экстремизм  ва терроризм  мебошад, ки мисли вабои аср паҳн шудааст. Мутаасифона ба ин гурӯҳҳо бештар наврасону ҷавонон шомил мешаванд, ки ин боиси нигаронист. Шомил шудан ба ин гурӯҳҳо аз ҷаҳонбинии танг ва маърифати пасти беъзе аз ҷавонони имрӯзаро дарак медиҳад.

      Аз ин хотир мо ҷавонони Тоҷикистон  бояд ҳамеша пайи омухтани илму дониш ва аз худкунии техналогияҳои муосир бошему ва барои пешрафти давлатамон саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки аъзоёни гумроҳшудаи ташкилотҳои террористиву экстреместӣ бо ваъдаҳои пучу ақидаҳои асримиёнагиашон моро ба доми фиреби худ афтонанду ва ба ин восита ба ояндаи мавҷудияти давлати мо хатар эҷод кунанд.

 

Шаропов Б. - мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.