БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР МТМУ -И НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27.04.2024 сол дар асоси Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия амалиёти муштараки "Соати сиёсӣ" баргузор гардид. Дар рафти баргузории соати сиёсӣ маърӯзачиён дар мавзӯъҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистону ҷаҳон бармад намуданд.