РАФТИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ УМУМИВИЛОЯТӢ ОИД БА ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ЗЕРИ УНВОНИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», санаи  28.04.2024 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд.  Аз он ҷумла:

- дар ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов деҳаи Баҳористон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани  дохил ва атрофи қабристонҳо зери  унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Баҳористон  ва Хоҷа-Дурбод дар майдони 1,8 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани 68 дона дарахтони ҳамешасабз  дар  сатҳи  баланд  баргузор  гашт.

- дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров деҳаи Ҷамъият деҳқон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани  дохил ва атрофи қабристонҳо зери  унвони  «Рӯзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ҷамъият деҳқон ва Хушодӣ  дар майдони 1,8 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани 64 дона дарахтони ҳамешасабз дар  сатҳи  баланд  баргузор  гашт.