МУҲИМТАРИН МАКТАБИ ОБУТОБИ ҲАЁТ ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ АСТ

Шаҳритуc: Андеша  

          Мафҳуми Ватан-Модар аз вожаҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳамеша бо эҳтироми бепоён ва меҳри хоса ба забон гирифта мешавад. Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрӯз соҳиби  давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифз карда ба мо мерос гузоранд.

           Амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии мамлакат, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амнияту тартибот вобаста аст.

         Бояд гуфт, ки ҳеҷ як давлат бе таърих, бе фарҳанг ва бе Артиши миллӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимод табдил ёфтааст.

         Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон, махсусан мо - насли ҷавон мебошад. Барои мо - ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҳар яки мо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирем.

      Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

 

Султонов Равшанбек - вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи  Шаҳритус.