ҶАВОНОНИ ТОҶИК  БА ФИРЕБУ НАЙРАНГҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

           Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо соҳибистиқлол шудем ва имрӯз дар фазои тинҷиву ормиву осудагӣ умр ба сар мебарем.

         Имрӯзҳо, ки вазъият дар ҷаҳон хеле мураккаб аст, барои ҳамин мо бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода ва ба ҳар гуна фиребу найрангбозии хоинону душманони миллати тоҷик дода нашавем.

         Пӯшида нест, ки пас аз заҳролуд гардидани тафаккури ҷавонон, ҳадаф ва нақшаҳои таҳрезишудаи гурӯҳҳои ифротгаро аз байн бурдани кишварҳои соҳибистиқлол, аз ҷумла  аз байн бурдани оромии бебаҳои Ҷумҳурии биҳиштосои мо мебошад.

        Барои зарар нарасонидани ифротиҳо ба кишвари мо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсиро набояд аз даст дод.   Аксари ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва разилонаи  худ дини мубини Исломро  сармашқи кори хеш ҳисобида, номи поку беолоиши Исломро ба воситаи тафаккури ҷавонон  доғдор месозанд.

        Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша дар фикри амнияту субот ва фардои Тоҷикистони азизамон бошем.

         Сад афсӯс, ки имрӯз низ дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ба қадри Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва тинҷиву оромии Ватан  нарасида ва ба фиребу найрангҳои хоинону бадхоҳони миллати тоҷик дода шуда пайрави ақидаҳои онҳо мешаванду ҳаёти ширини худу хонаводаашонро талх месозанд.

          Мо алалхусус ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошем ва ба найрангҳои хоинон ва душманони миллататамон дода нашевем ва нагузорем, ки аз хориҷа истода моро тариқи шабакаҳои интернетӣ бо маълумотҳои бофтаю бардуруғи худ фиреб кунанду ва байни ҳамдигар ҷангу ҷидол андозанду ва сулҳу суботи Ватанамонро бо дасти худамон нором созанд.

         Мо шаҳрвандони Тоҷикистон  бояд ба қадри тинҷиву оромии Ватанамон бирасему ва кӯшиш ба он кунем, ки Истиқлолияту Ваҳдати миллии мо абадӣ бимонад.

        Замонов А. - мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар н.Шаҳритус