АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНА ДАР АРАФИ ИДИ САИДИ ФИТР!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 апрели соли 2024 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус Хайруллозода Шодӣ ва иқдоми пешгирифтаи аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти  ибтидоии “Тоҷикстандарт” тибқи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр ба як чанд нафар ятимон, бепарасторон, маъюбон, барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва собиқадори соҳа, маводҳои ғизоӣ аз қабили орд-50 кг,  равған-5 кг,  картошка -1 халта  ва пиёз – 1-халта кӯмак  намуда, инчунин собиқадори соҳа бо туҳфаи хотирави  қадрдони  карда  шуд.