НАЙРАНГБОЗИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ТАРИҚИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Шаҳритуc: Вокуниш  

        Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 200 давлатҳои ҷаҳон ба расмият мешиносанд эътироф ва эҳтиром мекунанд ва ташаббусҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

         Вале имрӯз мо мушоҳида карда истодаем, ки хоинони миллат  ин ҳамаро нодида гирифта, дар давлатҳои хориҷа паноҳ ёфта бо супориши хоҷагони хориҷиашон аз дурӣ ба сӯи Тоҷикистони обуду осуда санги маломат мезананд. Қариб, ки ҳар рӯз ин кӯрнамакон тавасути шабакаҳои интернетӣ наворҳои таҳқиромезро нисбати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш намуда ба ин восита мехоҳанд  дар дили мардум алалхусус байни ҷавонон ҳисси бадбиниро нисбати давлату ҳукумат ҷо намоянд.

       Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии “Гуруҳи 24”  ва аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии “ҲНИ” дар шабакаҳои интенетӣ ва сомонаҳои алалхусух дар сомони YouTobe ва Facebook  барномаҳои бо номи “Садои  мардум”, “Ҳақ ва ботил”, “ХАБАР 24\7”, “Минбари муҳоҷир”, барномаи хабарии “Имрӯз” ва даҳҳо дигар саҳифаҳо дар сомонаҳои интернетӣ таъсис дода бо ин роҳ мехоҳанд истифодабарандагони шабакаҳои интернетиро, ки аксиряташон ҷавонон мебошанд ба доми худ афтонанд.

       Қайд кардан ба маврид аст, ки дар барномаҳо  мавзӯҳо ҳама беасосу бедалел  буда  мақсад ҷалб кардани ҷавонони ноогоҳу зудбовари дониши мукамали диниву сиёсӣ надошта мебошад.

        Ин хоинони миллат, ки худ дар ин Ватан ба камол расида, нону намакашро хӯрда ҳавояшро нафас кашидаанд ҳатто авлоду аҷдодашон дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, вале онҳо худро мухолифи ҳукумат ҳисобида дар давлатҳои хориҷа пинҳон шуда бо дастури  хоҷагони хориҷииашон, ки мақсад ва ҳадафашон ин ташкили нооромӣ дар Тоҷикистон ва тарсу ваҳмро бар дили сокинонаш ҷо кардан аст, шабу рӯз ба мисли ғуломи онҳо кор намуда дар шабакаҳои интернетӣ наворҳои бедалелу сохтаву бофтаро пахш намуда истодаанд.

        Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус ҷавонон, новобаста аз он, ки онҳо дар кадом минтақа  қарор доранд, даъват ба амал меорад, ки ба фиребу найрангбозии хоинони миллати тоҷик, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта истодааст дода нашавад, балки баракс ин Ватани биҳишосоро боз ҳама зебову дилоро созанд  ва пайи пешрафту ободиву оромиву сулҳу суботаш саҳмгузор бошанд.      

           Ҳамзамон  ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро вазифаи ҷони ва сармашќи ҳаррўзаи худ намуда,  Ватани азизамон-Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя  намуда  ва онро азизу муқаддас донанд.

 

Хамрозода  К. - Муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус