МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 3.04.2024  бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳамбастаги бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар майдончаи варзишии  ташкилоти ибтидоии “Сайёд”, мусобиқаи варзиши аз қабили волейбол байни  варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан»   ва ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии “Сайёд” ва “Лолазор”   баргузор гардид.  

          Дар  натиҷаи  ҷамбасти мусобиқаи варзишии волейбол аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  ба варзишгарони ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии “Сайёд” ва “Лолазор”, барои ишғоли ҷойҳои  якум, дуюм ва сеюм   бо  туҳфаҳои хотирмони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус  қадрдонӣ карда шуданд.