ТЕРРОРИЗМ  ВА ЭКСТРЕМИЗМ  БА АМНИЯТИ ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН ТАҲДИД ЭҶОД МЕНАМОЯД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

             Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини маънавию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

          Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

          Имрӯзҳо терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд!

          Барои пешгирӣ ва бартараф  кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани як қатор  омилҳо зарур мебошад. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарою терористӣ имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

          Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд  аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарави террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи  электронии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус