ОБОДОНИЮ КАБУДИЗОРКУНИИ ГИРДУ АТРОФИ ДЕҲА, ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 31.03.2024  ҳашари сарҷамъона дар якҷоягӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии   Қумшоҳ Меҳргон- (Ҷамоати деҳоти Х.Холматов) ва Ҷамъият деҳқон, Хушодӣ –(Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров) аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, барои тоза кардани гирду атрофи деҳа ва ҷӯйборҳои обгузар, таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

       Инчунин дар ҳашари сарҷамъона аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳмгузорӣ ба ободонию кабудизоркунии гирду атрофи деҳа, таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард», 120 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 180 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд.